27.01.2021 || 14:35

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН -ЊИДОЯТНОМА БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Рӯзи 26 январи соли 2021 дар маљлисгоњи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаљамъонаи Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Масъалаи дастгирии ќишри эњтиёљманди ањолї њамчун масъалаи муњимтарини соњаи иљтимої мунтазам дар баромаду мулоќотњои Пешвои миллат мавќеи асосї дорад ва боиси хушнудии кормандони соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа буд, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон аз дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат ва дар ин замина зиёд гардидани нафақаи маъюбон дар соли 2020 ёдовар гардида, њамзамон иброз доштанд, ки «…ба зиёда аз 700 ҳазор нафар сокинон аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ба маблағи беш аз 250 миллион сомонӣ кумакҳои иловагии иҷтимоӣ пардохта шуданд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат дастур доданд, ки: «Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, пешниҳод менамоям, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси Ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад.
Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 - сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад.
Ин иқдом имкон медиҳад, ки шароити иҷтимоии қариб 100 ҳазор нафар шаҳрвандон аз гурӯҳҳои осебпазири зикршуда беҳтар гардад».
Дар ин раванд, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз тамоми имкониятњо истифода менамояд, ки дастурњои Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон сари ваќт ва дар сатњи зарурї иљро гардида, њар як корманди Агентї дар амалӣ гардидани ин санади сарнавиштсози халқу ватанамон саҳми муносиби худро гузорад.

IMG-20210127-WA0002222

 

 

Хонда шуд 1064 маротиб

Дополнительная информация