10.02.2021 || 09:15

НИШАСТИ МАТБУОТӢ доир ба ҷамъбасти фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020

Рўзи 9 феврали соли 2020 мутобиќи наќшаи гузаронидани нишасти матбуотї, ки дар асоси амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП -1729 ба тасвиб расидаааст, дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нишасти матбуотї доир гардид.

Нишасти матбуотиро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ифтитоњ бахшида, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар соли 2020 маълумоти мушаххас доданд.

Таваљљўњи бештари хабарнигорон ба ба маълумотњо љињати иљрои дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон љалб гардид, ки тайи ду соли охир ѓамхорињо нисбат ба ќишри осебпазири љомеа хеле зиёд ба назар расиданд. Дар солњои 2020 ва 2021 супоришњои пайдарпайи барои зиёд намудани андозаи нафаќаи нафаќагирон, хусусан нафаќагирони маъюб дар паёмњои ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон ироагардидаро роњбарияти Агентї ва њам намояндагони васоити ахбори омма далели ѓамхорињои беандозаи Пешвои миллат арзёбї намуданд.

Суњбату саволу љавобњо ба таври озоду шаффоф гузаронида шуданд ва тамоми рўзноманигорон ба саволњои худ љавобњои мушаххасу муфассал гирифтанд.

Дар фарљоми суњбат ќайд гардид, ки солњои охир њамкорињои Агентї бо васоити ахбори омма хеле вусъат ёфтааст ва мутахассисони Агентї пайваста дар шабакањои гуногуни телевизион ва радио мусоњибаю баромадњо мекунанд.

20210209 140320

Хонда шуд 1035 маротиб

Дополнительная информация