02.04.2021 || 18:01

Ҷаласаи корӣ оид ба ташкили феҳристи ягонаи нафақагирон

Дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон тањти роњбарии директори Агентї муњтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек санаи 2 апрели соли 2021 бо маќсади љустуљўи роњњои таъсиси Феҳристи ягонаи нафақагирон ва муҳокимаи мактуби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Пешниҳод оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд” љаласаи корї баргузор гардид. Дар ин љаласа намояндагони вазорату идорањои дахлдор ва намояндагон аз маќомотњои њифзи њуќуќ иштирок намуданд.

Дар рафти љаласа масъалањои зеринро баррасї шуданд:

- риояи муқаррароти моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва ҳамкорӣ дар ташкили Феҳристи ягонаи нафақагирон;

- пешниҳоди маълумоти зарурӣ барои ташкили Феҳристи ягонаи нафаќагирон;

- муњокимаи пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба рафъи ҳолатҳое, ки ба содир шудани ҷиноят ва дигар қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд”.

Дар љараёни љаласа роҳҳои ҳамкорӣ ва усулҳои мубодилаи иттилоотӣ байни маќомотњои ќудратї ва Агентї мавриди муњокимаи васеи иштирокчиён ќарор гирифт.

Иштирокдорон ба мувофиќа омаданд, ки дар чорчўбаи ќонунгузории амалкунанда ташкили Фењристи ягонаи нафаќагирон мувофиќи маќсад буда, барои пешгирии њолатњои содиршавии ќонуншиканї дар соњаи таъминоти нафаќа мусоидат менамояд.

42-1

42-2

Хонда шуд 1379 маротиб

Дополнительная информация