Баъд аз ифтитоњи расмї, директори Агентї Давлатзода Дилмурод Ашурбек тариќи райъпурсии умумихалќї ќабул гардидани Конститутсияро дар соли 1994 њамачун бахтномаи миллат, њолати сарнавиштсоз арзёбї намуда, кормандонро ба якдиливу садоќат ба Ватан ва муттањидї зери Парчами миллату риояи ќонунгузорї, ки аз Конститутсия маншаъ мегиранд, даъват намуданд.
Мўњтарам Давлатзода Д.А. аз суханони Асосгузори сулњу Вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон оид ба ањамияти Конститутсия дар рушду суботи кишвар иќтибосњо оварда, ќайд намуданд, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдорӣ, ҳимояи манфиатҳои миллї ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Дар идомаи љашни тантанавї оиди ин њуљљати сарнавиштсоз ва наќши он дар пешрафту тараќќиёти кишвар презентатсияву баромадњо доир гардид.
КОНСТИТУТСИЯ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Рўзи 5 ноябри соли 2021 ба муносибати 27-умин солгарди Конуститутсияи Љумњурии Тољикистон дар толори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љамъомади тантанавї доир гардид.