Бо маќсади хотирмону пуршукўњ гузаронидани љашни миллї, роњбарияти Кумитаи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур ва хонандагони Муассисаи давлатии мактаб-интернати кўдакони болаёќати ба номи Миратулло Атоев давъат карда шуданд.
Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Д.А. њозиринро табрику тањният гуфта, аз љумла ќайд намуд, ки парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд. Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тањти сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.
Дар идомаи таљлили љашн раиси Кумитаи иљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар ноњияи Шоњмансур Гулањмадзода Зулфиќор Ахмад кормандони Агентиро бо суханони гарму таманниёти нек муборакбод гуфта, барои сањми арзанда дар корњои созандагї ва иштироки фаъолона дар амалї сохтани барномањои њизбї, як ќатор кормандонро бо ифтихорномаву сипосномањои њизбї сарфароз гардониданд.
Сипас дастпарварони мактаб-интернат бо барномањои фарњангї, ки саршор аз садоќат ба ватан ва гиромидошти арзишњои миллї буданд, љашнро хотирмон сохтаву таровати тоза бахшиданд.