07.12.2021 || 17:02

Шароити мусоиди корӣ барои хазматрасонӣ ба нафақагирон

Ба истиќболи љашни 30 солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї ба нафаќагирон ва шахсони ба суѓуртаи давлатии иљтимої љалбгардида, рўзи 30 ноябри соли 2021 дар ноњияи Варзоб бинои наву замонавии Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ифтитоњ гардид.

Сохтмони бинои нави маъмурии раёсати Агентї дар ноҳияи Варзоб моњи апрели соли 2021 оѓоз гардида, бо тарҳи замонавї ва сатњу сифати баланди сохтмонї мавриди истифодаи кормандону сокинони ноњияи Варзоб ќарор дода шуд.

Бино аз ду ошёна ва тањхона, 9 утоќњои корї, архиви замонавї, китобхона ва зали равзанаи ягона иборат буда, масоњати умумии бино 376,9м2-ро ташкил медињад.

Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар ифтитоњи расмии бино тамоми кормандони соња ва сокинони ноњияи Варзобро муборакбод гуфта, бинои навро дастоварди навбатии соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа арзёбї намуд.

Дар чорабинї масъули корњои омодагї ба љашни 30-солагии Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон дар ноњияи Варзоб Воњидзода Њабибулло Сайдулло, Раиси ноњияи Варзоб Шерализода Муњаммадулло Умар ва дигар њайати расмї иштирок намуданд.

54-1 54-2

30.11.2021

Хонда шуд 877 маротиб

Дополнительная информация