30.03.2022 || 18:52

Дар Агентӣ дар мавзӯи «Таъмини татбиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия барои давраи то соли 2030» чорабинии омӯзишӣ гузаронида шуд

Дар доираи нақшаи таълимӣ барои хизматчиёни давлатии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хонишҳои идоравӣ дар мавзӯи «Дар бораи татбиқи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 № 222 тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид.

Ба иштирокчиён оид ба ҳадафу вазифаҳои асосии стратегияи мазкур, фаъолият ва механизмҳои дар нақшаи тасдиқшудаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегия дар солҳои 2021-2025 маълумот пешниҳод гардида, инчунин уҳдадориҳои воҳидҳои сохтории Агентӣ дар бораи таъмини иҷрои фармоиши Директори Агентӣ аз 14 январи соли 2022, № Ф-2 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи давлатии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» шаҳр дода шуд.

Баланд бардоштани сатҳи дониш, таҷриба ва маҳорати кормандон дар самти мубориза бо коррупсия ва пешгирии ҳолатҳои дорои хусусияти коррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, роҳбарияти Агентӣ дар ин самт доимо чорахои зарурй меандешанд.

Хонда шуд 589 маротиб

Дополнительная информация