30.03.2022 || 19:27

Бо мақсади иҷрои супоришу дастурҳо, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 дарҷ гардидааст, корҳои мақсаднокро дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба роҳ мондааст.

Вобаста ба ин, бо мақсади татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022, No312 «Дар бораи тадбирҳо оид ба таҳкими сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия» 29 марти соли 2022 таҳти раёсати Директори Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек семинар баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вазифаҳои воҳидҳои сохторӣ оид ба аз 1 июли соли 2022 зиёд намудани андозаи нафақаҳои амалкунандаи ятимон ва ноболиғон, ки бе парастории падару модар мондаанд, барраси гардиданд.

Дар семинар маърӯзаи сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Вализода Д.А. «Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2022 № 312» шунида шуда, ба иштирокчиёни семинар маводи зарурии иттилоотӣ, брошюраи тавсияҳои методӣ оид ба тартиби баланд бардоштани нафақа, инчунин вобаста ба саволхои додашудаи иштироккунандагони семинари омӯзишӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

06-01

Хонда шуд 534 маротиб

Дополнительная информация