19.04.2022 || 09:20

Ифтитоҳи бинои нави Раёсати АСИН дар шаҳри Исфара

Дар санаи 16 апрели 2022 аз љониби Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Давлатзода Д.А., Сардори Раёсати Агентї дар в.Суѓд Ќосимзода С., Раиси ш.Исфара Бањодурзода Б., бо иштироки як ќаттор собиќадорони мењнат ва нафаќахурони шаҳри Исфара бо буридани лентаи рамзї дар вазъияти тантанавї бинои нави Раёсати АСИН дар шаҳри Исфара мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корҳои сохтмонии бинои Раёсати АСИН дар шаҳри Исфара соли 2019 оғоз гардида, аз њисоби маблаѓњои буљети давлатї бунёд гардидааст.

Бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва қабулгоҳи ҷамъиятӣ, яъне “Равзанаи ягона” барои ќабули њуљљатњо оид ба таъин ва бозњисобии нафаќањои мурољиаткунандагон ҷой дода шудааст. Масоҳати умумии бино бо таҳхона 571,45 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Давлатзода Д.А., иттилоъ доданд, ки бо мақсади баррасии сариваќтии мурољиатњо љињати таъину бозњисобии нафаќањои шањрвандон дар бино шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бо бунёди бинои наву замонавӣ барои кормандони Раёсати АСИН дар ш.Исфара, шароити корӣ фароҳам оварда шуда, ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевон, воситаҳои алоқа, компютер ва дигар лавозимотӣ корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар шаҳри Исфара шумораи умумии нафаќахурон ба њолати имрўза 22 348 баробар буда, талаботи моњонаи нафаќа 6,8 млн. сомониро ташкил медињад.

Хонда шуд 612 маротиб

Дополнительная информация