31.05.2022 || 17:59

Омӯзиши дастҷамъонаи китоби “Тоҷикон”-и академик Б.Ғафуров дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 майи соли 2022 бо маќсади иљрои супориши Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 майи соли 2022, №36/10-29 дар маљлисгоњи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон љињати омўзиши њатмии китоби “Тољикон”-и академик Б.Ѓафуров аз љониби хизматчиёни давлатии Агентї, усули омўзишии дастљамъона ва њамкорї бо олими таърихшинос Кароматулло Олимов баргузор гардид.

Сухани ифтитоњиро Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон муњтарам Давлатзода Д.А., оѓоз намуда, нисбати таърихи таълифи китоби “Тољикон”-и Б.Ѓафуров ба њозирин маълумоти муфассал ироа намуданд. Инчунин дар бораи таърихи тамаддун ва низоми давлатдории халќи тољик дар замони ќадим, њамзамон наќши мутолиаи ин китоб дар њисси худшиносї ва худогоњии миллї ва инчунин эњёи њуввияти ватандорї ибрози аќида намуданд.

Инчунин бо даъвати роњбарияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, корманди Институти фалсафа, сиёсатшиносї ва њуќуќи Академияи миллии илмњои Љумњурии Тољикистон, академик ва яке аз олимон ва муаррихони барљастаи халќи тољик, Кароматулло Олимов њузур доштанд, ки ба иштирокчиёни ин омўзиш дар бораи ин китоби таърихї ва таќдирсоз маълумоти муфассал пешнињод намуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд ташкил намудани чунин чорабинињо дар Агентї ба роњ монда мешавад.

Љамъомад дар фазои озоду дустона баргузор гардид.

10-01

Хонда шуд 741 маротиб

Дополнительная информация