25.06.2022 || 10:58

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 июни 2022 бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ мухтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар суханронии худ кормандонро табрик намуда, ба хамаи иштирокчиён саломатии бардавом, хушбахтї, фазои солиму осоишта ва муваффақияњои сулҳро таманно намуд.

Давлатзода Дилмурод Ашурбек аз ҷумла қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 давраи нави давлатдории Тоҷикон оғоз гардида ин таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳми, ки бо талошу заҳматҳои ҳалқи Тоҷик ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, боиси пешрафти имрӯзаи кишвар ва рушду гулгуншукуфонии Ватани азизи мо гардид.

Дар фарҷоми ҷаласа, ба кормндони Агентӣ, ки дар рушди суботи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа саҳми арзанда гузоштаанд, “Сипосномаҳо” тақдим карда шуд.

Дар давоми чорабини консерт бахшида ба Рӯзи Вахдати милли баргузор гардид.

11-1

Хонда шуд 436 маротиб

Дополнительная информация