05.10.2022 || 11:12

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид

Санаи 3 октябри соли 2022 бо маќсади таљлили Рўзи забони давлатии Љумњурии Тољикистон, инчунин иљрои супориши Роњбари Дастгоњи иљрояи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 20.09.2022с., №34013, (26.3) дар толори бинои маъмурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин љашни миллї бо иштироки њайати васеъи кормандон Агентї ва ҷалби мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи устод Абуабдуллои Рўдакї, Мирзоев Сайфиддин маљлиси тантанавї доир гардид.

Сухани ифтитоњиро Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Д.А., њусни оѓоз бахшида, доир ба таърихи забони давлатї, мавќеи он дар рушди низоми давлатдорї, њуљљатгузориву њуљљатнигорї ва инчунин дар бораи поку беолоиш нигоњ доштани ин муќаддасот ибрози аќида намуданд. Сипас бо маќсади тафсилоти бештар оид ба арљгузорї ба забони давлатї, инчунин шарњи таърихи тањия ва ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон” риштаи сухан ба мутахаасиси соњаи забон, мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёти ба номи устод Абуабдуллои Рўдакї, Мирзоев Сайфиддин дода шуд.

Дар навбати худ Мирзоев Сайфиддин оид ба теъдоди забонњое, ки дар њудуди Љумњурии Тољикистон бо он дар мањаллњо сухан мегуянд, дар бораи таъриху тамаддуни бенињоят ќадама доштани забони тољикї (форсї) ва инчунин рољеъ ба гиромидошти арзшињои забонї дар марњилаи кунунї суханронї намуд. Илова бар ин, мавсуф таъкид намуд, ки маќсуд аз љамъомад, ин боз њам огањи пайдо намудан аз навгонињои забони тољикї ва имлои забони тољикї ва ба ин васила таќвият бахшидани татбиќи муќаррароти Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи забони давлатии Љумњурии Тољикистон” ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї мебошад.

Дар фарљоми маљлиси тантанавї аз њар як иштирокшї даъват ба амал оварда шуд, ки њар фарди худшинос ва худогоњ бояд љињати талќин ва омўзиши забони тољикї (модари) мунтазам кушиш ба харљ дода, бобати дар оянда ба насли наврас боќи гузоштани як забони пок ва беолоиш пайваста тадбирандешї намояд.

16-01  16-02

Хонда шуд 718 маротиб

Дополнительная информация