Маќсади вохўрии мазкур ин андешидани тадбирњои зарурї љињати бартараф намудани сабабу шароитњои ба ќонунвайронкунињои коррупсионї мусоидаткунанда ва масъалањои вобаста ба тањияи санадњои меъёрии њуќуќии дохилиидоравї тибќи ќонунгузории амалкунанда.
Дар рафти вохурї Назриён Василбек Қурбон баромад намуда, ба њозирин оид ба санадњои меъёрї-њуќуќии Љумњурии Тољикистон, аз љумла Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи муќовимат бо коррупсия», Кодекси Ҳуқуқвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021. №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия” маълумоти зарурї пешнињод намуд ва оиди дар амал тадбиқ намудани он ва роҳу воситаҳои пешгиринамудани ҳолатҳои коррупсиони тавсияњои муфид дод.
Њамчунин мавсуф иброз дошт, ки љумњурии мо ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва Вањдати миллї дар тамоми љабњањои иќтисодиёту иљтимоиёт ба дастовардњои беназир ноил шуда бошад њам, имрўз иттињоду ягонагї, таъмини сулњу амният, худшиносиву ифтихори ватандорї, пешгирї намудани шомил гардидани љавонон ба гурўњњои ифротгаро ва экстремистї барои њар як фарди љомеаи мо аз њарваќта дида бештар зарур аст ва мо бояд зиракї ва ҳушёриро барои муқовимат ба онҳо пешаи кори худ қарор диҳем, инчунин ба саволҳои додашудаи ҳозирин посухҳои қаноатманд дода шуд.
Дар фарљоми вохўрии роҳбариятӣ Агентӣ (Абдураҳмонзода Ҷ.У.) ба намояндаи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия Назриён Василбек Қурбон барои вохури ва маслиҳатҳои муфид изҳори қаноатманди баён намуданд.