23.12.2022 || 17:13

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РОҲНАМОИИ РУШДИ УСТУВОР

Рӯзи 23 декабри соли 2022 дар маљлисгоњи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамошои дастаљамъонаи Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, доир ба пешбурди муваффақи сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии занону духтарон, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Масъалаи дастгирии ќишри эњтиёљманди ањолї њамчун масъалаи муњимтарини соњаи иљтимої мунтазам дар баромаду мулоќотњои Пешвои миллат мавќеи асосї дорад ва боиси хушнудии кормандони соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа буд, ки Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба дастгирии иҷтимоии нафақахӯрону маъюбон, кӯдакони ятим ва оилаҳои камбизоат ёдовар намуда ва дар ин замина оид ба зиёд гардидани нафақаҳо дар соли 2023 чунин иброз намуданд:

“ ... - бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:
– аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Дар баробари ин, Пешвои миллат дастур доданд, ки:
аз 1-уми июли соли 2023:
– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;
– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Дар ин раванд, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон аз тамоми имкониятњо истифода менамояд, ки дастурњои Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон сари ваќт ва дар сатњи зарурї иљро гардида, њар як корманди Агентї дар амалӣ гардидани ин санади сарнавиштсози халқу ватанамон саҳми муносиби худро гузорад.

26-01

Хонда шуд 1524 маротиб

Дополнительная информация