01.05.2023 || 16:44

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтаанд

Санаи 28 апрели соли 2023 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар машварат дар бораи тадбирҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 феврали соли 2023, No526 баргузор гардид.

Дар љаласа сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилоят ва шањру ноњияњо, инчунин сардорони марказњои минтаќавии бањисобгирии инфиродї иштирок намуданд.

Вобаста ба ин, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, N526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон вазифаҳои воҳидҳои сохторӣ оид ба зиёд намудани андозаи нафақаҳои амалкунанда аз 1 июли соли 2023 зиёд намудани андозаи нафақаи заминавӣ ба андозаи 20 %, гузаронидани индексатсияи нафақаҳои суғуртавӣ дар ҳаҷми на кам аз 16 фоиз, инчунин баланд намудани андозаи нафақаи нафақагирони амалкунанда баробари 20 фоиз аз меъёрӣ нафақаи заминавӣ, барраси гардид.

Дар семинар маърӯзаи муовини сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Қурбонов М., вобаста ба лоҳиаи Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 феврали соли 2023 № 526 омодагардида ба ҳозирин барои муҳокима ироа гардид, ки иштироккунандагони семинар вобаста ба саволҳои пешниҳод намудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

08-01

Хонда шуд 1457 маротиб

Дополнительная информация