16.06.2023 || 10:43

Семинар машварат оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, №526

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, №526 ва банди 2-и фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2023, Ф-33 ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани семинар -машваратҳо доир ба шарҳи Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон аз 1 июли соли 2023 ба кормандони воҳидҳои сохторҳои Агентӣ дар вилоятњои Суѓду Хатлон, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардида гузаронида шуд.

Инчунин санаи 08 июни соли 2023 дар толори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадавли тасдиқгардида семинар машварат бо иштироки сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони маркази минтаќавии бањисобгирии инфиродї шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории семинар машварат масъалаҳои зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон тибқи Дастурамали тасдиқгардида баррасӣ гардида саволҳое, ки аз ҷонибӣ иштирокчиён манзур гардида буд аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи марказии Агентӣ ба ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонекунанда дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гардонида шуд.

Семинар машваратҳо дар тамоми воҳидҳои сохтории Агентӣ аз ҷониби шахсони масъул бо тариқи саволу ҷавоб дар шакли озод гузаронида шуда, тамоми паҳлу ва нозукиҳои Дастурамали мазкур баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар семинар ба ҳама кормандони Агентӣ китобчаи Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақа дастрас карда шуд.

09-01  09-02

Хонда шуд 1120 маротиб

Дополнительная информация