29.06.2023 || 15:22

Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 июни 2023 бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ мухтарам Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар суханронии худ кормандонро табрик намуда, ба хамаи иштирокчиён саломатии бардавом, хушбахтї, фазои солиму осоишта ва муваффақияњои сулҳро таманно намуд.
Давлатзода Дилмурод Ашурбек аз ҷумла қайд намуданд, ки 27 июни соли 1997 давраи нави давлатдории Тоҷикон оғоз гардида ин таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳми, ки бо талошу заҳматҳои ҳалқи Тоҷик ва бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, боиси пешрафти имрӯзаи кишвар ва рушду гулгуншукуфонии Ватани азизи мо гардид. Дар давоми чорабини консерт бахшида ба Рӯзи Вахдати милли баргузор гардид.
Ба истиќболи љашни 35 солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, бо маќсади баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї ба нафаќагирон ва шахсони ба суѓуртаи давлатии иљтимої љалбгардида, рўзи 25 июни соли 2023 дар ноњияи Балҷувон бинои наву замонавии Шуъбаи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ифтитоњ гардид.

IMG-20230629-WA0001777888 IMG-20230629-WA000299998888

Хонда шуд 1114 маротиб

Дополнительная информация