03.08.2023 || 15:07

Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023

Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми кормандон бо нишон додани ҳисси баланди ватандусти фаъолият намуда дар ин давра корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Мувофиқи маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон ба ҳолати 4 июли соли 2023 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої, ки ба андозаи 1 млрд. 928,2 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, дар асл бошад 1 млрд. 914,3 млн. сомонї ворид гардид, ки нақша баробари 99,3 % иҷро гардидааст.

Қисми харољотии буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар нимсолаи якуми соли 2023 дар ҳаҷми 1 млрд. 661,8 млн. сомонї ташкил дода, пурра иҷро гардидааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар асоси дархостҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Љумњурии Тољикистон ба маблағи 5,99 млн. сомонӣ пурра маблағгузорӣ карда шудааст.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 харољоти њаќќи хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» ба нафаќагирон, дар њаљми 7,6 млн. сомонї аз ҷониби Агенти ба КВД БАҶТ «Амонатбонк» маблағгузори карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли љорї дар асоси моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи суѓуртаи давлатии иљтимої» ва ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 июли соли 2013, №293 «Дар бораи Тартиб ва шартњои пардохти кўмакпулї барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат» ба 2 983 нафар аъзои оилаи камбизоат ба маблаѓи 4,0 млн сомонї кўмакпулї барои дафн пардохт карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 362 нафар ё 12,1 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бояд ќайд намуд, ки ба њолати 1 июли соли 2023 теъдоди умумии нафақагирон дар љумњурї 768976 нафарро ташкил медињад, ки аз ин шумора гирандагони нафаќањои мењнатї 310279 нафар, нафаќањои суѓуртавї 268627 нафар ва нафаќањои иљтимої 190070 нафарро ташкил медињад.

Талаботи моњонаи нафаќа дар як моњ 261,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбати њамин давраи соли гузашта баробари 7,9 млн сомонӣ ё 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст ва айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.

Дар љумњурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 159 443 нафарро нафақагирони маъюб ё ин, ки 20,7 фоизи нафақагиронро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо ба 236 нафар ё ин, ки 0,1 фоиз коҳиш гардидааст. Барои пардохти нафақа ба нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 51,7 млн. сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 324,30 сомонӣ баробар аст.

Аз шумораи умумии маъюбон 17 314 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 77 360 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 32 470 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18 сола дар љумњурї 32 299 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 309,05 сомонӣ баробар аст.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2023, №39 «Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, № 526 аз ҷониби Агентӣ “Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсияи намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон” аз 1 июли соли 2023 омода ва тасдиқ гардида ба раёсату шуъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии Агентӣ барои корбарї ирсол гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур қайд менамоем, ки аз ҷониби Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар ҳамбастаги бо Раёсатњои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятњои Суѓду Хатлон, шањри Душанбе силсила семинар – машваратҳои омузиши оид ба тартиби зиёд ва индексатсияи намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6 феврали соли 2023, №526 “Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия” аз 1 июли соли 2023 андозаи нафаќањои шањрвандоне, ки ба онњо нафақа дар асоси Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз аз андозаи нафаќаи заминавї ва ба нафаќагироне, ки дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» нафаќаи суѓуртавї таъин гардидааст, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир ба андозаи 16 фоиз индексатсия карда шуд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Фармони мазкур аз 1 июли соли 2023 нафақаи 282 нафар нафақагир мавриди бозҳисоби қарор гирифт, ки дар натиҷа андозаи миёнаи нафақа ба 175,53 сомони баробар гардид, аз шумораи умуми нафақагирон, ки нафақаи онҳо мавриди бозҳисоби қарор гирифт, 308 996 нафар нафаќањои мењнатї, 250 934 нафар нафаќањои суѓуртавї, 188 352 нафар нафаќањои иљтимої мебошанд, ки пас аз бозҳисоби андозаи миёнаи нафақаҳои меҳнати аз 396,81 сомонӣ ба 447,71 сомонӣ, андозаи миёнаи нафақахои сугуртави аз 312,10 сомонӣ ба 364,8 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз 210,89 сомонӣ ба 271,41 сомонӣ баробар гардидааст.

Бозҳисобии нафақа пурра ба анҷом расида, огоз аз моҳи июли соли ҷори нафақаи нафақагирон ба андозаи бозҳисобишуда бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт карда мешавад.

Бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки берун аз кишвар фаъолияти меҳнатӣ доранд Агентӣ дар доираи ваколатҳои муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо дигар кишварҳои ҳамсоя дар соњаи суѓуртаи иљтимої ва нафаќа силсила чорабиниҳоро ба анҷом расонидааст.

Ҷиҳати татбиқ намудани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, «Созишномаи маъмурї байни Агентии суѓуртаи иљтимои ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтмоии Федератсияи Россия» оид ба татбиќи Шартнома байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Россия оид ба њамкорї дар соњаи таъмини нафаќа аз 14 сентябри соли 2021, ки 3 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон Созишномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2023, №282 тасдиқ карда шуд.

Ќабул ва баррасии мурољиати шифоњии шањрвандон низ пайваста дар мадди назари роњбарияти Агентї ќарор дошта, бо фармоиши Агентӣ аз 10 марти соли 2023, № 19 “Дар бораи ташкил намудани қабули муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ дар рӯзҳои шанбе” рузҳои қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шудааст, ки дар давраи њисоботї мурољиати шифоии 147 нафар шањрвандон ба дастгоњи марказии Агентї муроҷиат намудаанд, ки ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас гардонида шудааст.

Ҷиҳати баланд гардонидани савияи дониши касбии кормандон тибқи фармоиши Агентӣ аз 29 декабри соли 2022, №89 нақшаи хонишҳои идоравӣ тасдиқ гардида, ҷиҳати тақвият бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии коллективи меҳнатии кормандон баргузори чорабиниҳои хониши идоравӣ ба роҳ монда шудааст.

Ба ин васила Агентї ҳамкориро бо воситањои ахбори омма љињати амалї намудани корњои фањмондадињї доир ба самтњои асосии фаъолият, аз љумла шарњи нуќтањои Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљї љумњурї» вусъат дода доир ба равшаннамоии масъалаи баланд намудани андозаи нафаќањои амалкунанда пайваста пурзур менамояд.

Хонда шуд 932 маротиб

Дополнительная информация