25.08.2023 || 17:17

Семинар оид ба иҷрои шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа

22 августи соли 2023 дар толори маљлисгоњи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон (минбаъд Агентї) семинари омўзишї оид татбиқи њуќуќњои нафаќавии шањрвандон вобаста ба масъалањои таъминоти нафаќавї дар асоси Шартнома байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтмоии Федератсияи Россия оид ба њамкорї дар соњаи таъминоти нафаќа (минбаъд Шартнома) баргузор гардид.

Семинарро муовини якуми директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Абдурахмонзода Љ.У. ифтитоњ намуда, кайд намуданд, ки бо назардошти мавҷуд будани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатии зодаи Тоҷикистон дар қаламравӣ Федератсияи Россия фаолияти меҳнатиро анҷом медиҳанд ва истиқомати доими доранд бо мақсади ҳимоя намудани ҳуқуқҳои онҳо дар самти таъминоти нафақа Шартномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа ба имзо расонидани Созишномаи маъмурӣ ба манфиатҳои миллӣ мутобиқ мебошад.

Инчунин кормандони воњодњои сохтории Агентиро вазифадор намуданд, ки љињати огоњ намудани ањолї аз муќаррароти Шартнома ва тартиби ба амал баровардани манфиати њуќуќњои нафиќавии онњо корҳои фаҳмондадиҳи дар байни аҳолӣ гузаронида шавад.

Дар семинар машварат кормандони масъули таъин ва пардохти нафаќа аз тамоми воњидњои сахтории Агентӣ иштирок намуданд.

Мавзуи асоссии семинар ин фаҳмонида додани мафњумњои асосии муқаррароти Шартнома ва Созишномаи маъмури мебошад, ки он дар байни кормандон дар шакли саволу љавоб сурат гирифт.

Иштирокчиёни семинар дар муњокимаи масъалањои пардохти нафаќа ба нафаќагирони шањрвандони Ҷумҳурии Тољикикстон њангоми ба Федератсияи Россия барои истиќомати доими куч бастаанд пурра ба саҳми онҳо расонида шуд.

Ба иштироккунандагони семинар вобаста ба саволҳои пешниҳод намудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

13-01

Хонда шуд 21178 маротиб

Дополнительная информация