22.09.2023 || 15:47

Мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳа дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои солҳои 2024-2028

19 сентябри соли 2023 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ Анна Сухова, сармутахассиси ҳифзи иҷтимоӣ, Алишер Раҷабов, иқтисодчии калон, Елена Виноградова, мушовири ҳифзи иҷтимоӣ ва Алексей Случинский, сармутахассиси ҳифзи иҷтимоӣ аз Вашингтон тариқи онлайн ширкат карданд.

Дар суханронии ифтитоҳӣ директори Агентии Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкориҳои чандинсола ва дастгирии ислоҳот дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ изҳори сипос намуданд.

Анна Сухова зимни суханронии худ қайд намуданд, ки барои эҳтиёҷоти Агентӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи соҳаи тандурустӣ 500,0 ҳазор доллари ИМА ҷудо карда шуда, татбиқи он тавассути Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии мушкилоти ҷории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, муайян намудани самтҳои афзалиятноки лоиҳаи дар пешистодаи Бонки ҷаҳонӣ ва нақшаҳои минбаъда буд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба интихоби самтҳои лоиҳа, ташкил ва татбиқи он мубодилаи афкор намуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи ин лоиҳа бояд дар ин самт оғози як лоиҳаи бузурги алоҳида бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои дигари мубрами рӯз, аз ҷумла равишҳо ба рақамикунонии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ баррасӣ гардид.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хонда шуд 895 маротиб

Дополнительная информация