05.10.2023 || 17:10

Ҷашни “Рӯзи забони давлатӣ” дар Агентӣ

Саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои забони тоҷикӣ
"Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба
шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам,
рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад."
Эмомалӣ Раҳмон

Рўзи 4 сентябри соли 2023 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ҳамоиши илмиву адабӣ бахшида ба рўзи забони давлатӣ баргузор гардид, ки дар он номзади илмњои филология , дотсенти Донишгоњи миллии Тољикистон Мирзоёров Фирдавс Ниёзович иштирок намуданд.

Мирзоёров Фирдавс Ниёзович ҳангоми суханронӣ иброз намуданд, ки ҳифз ва рушду тараққии забони давлатӣ дар замони истиқлолият аз омилҳои асосии пешравии илму фарҳанг дар кишвари тоҷикон маҳсуб меёбад, чунки фақат истиқлолияти маънавӣ шароит фароҳам овард то забони миллӣ мақоми давлатиро соҳиб шавад.

Дар ҳамоиш ин андеша тазаккур гардид, ки муддати садсолаҳо бузургон дар васфи забони тоҷикӣ пажуҳиш намудаанд ва имрўз низ таҳқиқу пажуҳиши донишмандони забоншиносии миллӣ идома дорад.

Забони тоҷикӣ чун забони ҷаҳонӣ дар замони муосир ҳам нуфўзи хешро аз даст надодааст ва аксар забондонон аз гўшаву канори кураи Замин барои омўхтану аз бар кардани забони мазкур талош меварзанд.

16-01

Хонда шуд 749 маротиб

Дополнительная информация