12.10.2023 || 17:59

Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2023

Санаи 10-уми октябри соли 2023 дар бинои Агентӣ маљлиси Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба љамъбасти фаъолияти Агентї дар нуҳ моҳи соли 2023 ва вазифањо барои семоҳаи чоруми соли 2023 баргузор гардид.

Дар љаласа сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилоят ва шањру ноњияњо, инчунин сардорони марказњои минтаќавии бањисобгирии инфиродї иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онњо мавриди муњокима ќарор дода шуд.

Қайд гардид, ки дар нум моҳи соли 2023 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 2 млрд. 932,9 млн. сомонї ворид гардид, ки иҷрои нақша 99,8 % ташкил намуд.

Аз руи таҳлилҳои гузаронидашуда маълум мегардад, ки шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 октябри соли 2023 779 544 нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши теъдоди онҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 255 нафарро ё 3,2 % ташкил намудааст.

Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ раиси Мушовараи Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашурбек қайд намудан, ки иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, самаранокии иҷрои вазифаҳои асосӣ равона шудаанд, ба зиммаи ҳар як корманди Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ вазифаҳои дахлдор гузошта шудаанд.

Ҳамзамон, қайд намудан, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъмини иҷрои пурраи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, маблағгузории саривақтии пардохти нафақа ва риояи ҷадвали пардохти ҳармоҳаи онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда татбирҳои зарури андешанд.

Дар фарҷом, директори Агентӣ сардорони воҳидҳои сохтории Агентиро вазифадор намудан, ки пеш аз ҳама риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида барраси намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон татбирҳои зарурӣ ва саривақти андешида шавад.

17-3  17-2

Хонда шуд 908 маротиб

Дополнительная информация