03.11.2023 || 15:58

Дар бораи омодагӣ ба имзо расонидани Созишномаи байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди нафақаи Федератсияи Русия дар бораи тартиби табодули њуљљатњои электронї

Санаи 27 октябри соли 2023 дар шаҳри Маскав намояндагони Агентӣ таҳти роҳбарии муовини аввали директор АбдураҳмонзодаҶ.

Бо муовини Вазиримеҳнат ва ҳифзииҷтимоии аҳолӣ Пудов А.Н. ва намояндагони Фонди иљтимоии Федератсияи Россия вохӯрӣ намуда, масъалаи ба имзо расонидани Созишнома байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фондинафақаи Федератсияи Русия дар бораи тартиби табодули ҳуҷҷатҳои электронӣ њангоми татбиќи Созишномаи маъмурии байни Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Федератсияи Россия оид ба татбиќи Шартномаи байни Љумњурии Тољикистон ва Федератсияи Русиядар бораи њамкорї дар соњаи нафаќа аз 15 сентябри соли 2021 мавриди баррасӣ ќарор доданд.
Маќомотњо ба созиш омаданд, ки дар муддати як моҳ матни лоиҳаи Созишномаи мазкур ба забони тоҷикӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия мутолиа кардашуда, баъдан ҷонибҳо санаи имзои онро ба мувофиќа мерасонанд.
Дар асоси тавоффуқи тарафайн тасмим гирифта шуд, ки маросими ботантанаи имзо дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Хонда шуд 770 маротиб

Дополнительная информация