12.01.2024 || 15:37

Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2023

Санаи 8-уми январи соли 2024 маљлиси Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон доир ба љамъбасти фаъолияти Агентї дар соли 2023 ва вазифањо барои соли 2024 баргузор гардид.

Дар љаласа њузур доштанд: Сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуфатоҳзода Гулҷаҳон, Сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амиршозода Шералӣ, Директори Департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкии КВД БД ҶТ “Амонатбонк” - Холиқов Шуҳрат ва муовини Директори Департамент - Ҳакимова Мавҷуда, Сардори Раёсати тањлили Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мирмадов Хисрав.

Дар ҷаласаи мушовара ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ барои соли 2023 шунида шуда, нақшаи корӣ барои соли 2024 пешнињод гардид.

Аъзои њайати мушовара дар њузури даъватшудагон самтњои гуногуни фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар соли 2023 мавриди баррасї ќарор дода, аз љумла ќайд намуданд, ки дар давраи њисоботї, дар заминаи дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сохторњои Агентї дар вилоят, шањр ва ноњияњо ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардиданд. Ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 4 млрд. 086,1 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати њамин давраи соли гузашта 518,2 млн.сомонї ё 14,5 фоиз зиёд мебошад, ки он пурра ба маблаѓи 3 млрд. 956,8 млн. сомонии дар соли 2023 банаќшагирифташуда, иљро гардид.

Ќисми харољотии буљет бошад, 3 млрд. 285,2 млн. сомониро ташкил намуд. Дар ин давра, тамоми чорабинињои пешбининамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла, пардохти нафаќа ба 763 333 нафар нафаќагирон ба андозаи 3 млрд. 246,9 млн.сомонї, харољоти кўмакпулињо ба андозаи 205,9 млн. сомонї, татбиќи чорабинињои сиёсати шуѓл 16,8 млн. сомонї, инчунин љуброни харољоти БДА “Амонатбонк” барои хизматрасонї ба нафаќагирон ба андозаи 17,9 млн.сомонї сари ваќт ва бо пуррагї маблаѓгузорї карда шуданд.

Ба њолати 1 январи соли 2024 шумораи умумии нафаќагирон 796 089 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба 32756 нафар ва ё 4,3% зиёд гардидааст. Талаботи нафаќа дар як моњ бо њисоби миёна 308,7 млн.сомониро ташкил дода, афзоиши ин нишондињанда нисбат ба соли гузашта ба маблаги 51,2 млн.сомонї ё 19,9% зиёд аст.

Дар љумњурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 162 842 нафарро нафақагирони маъюб ё ин, ки 20,5 фоизи нафақагиронро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо ба 3 696 нафар ё ин, ки 2,3 фоиз зиёд гардидааст. Барои пардохти нафақа ба нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 60,5 млн. сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки андозаи миёнаи нафақаи онҳо ба 371,62 сомонӣ баробар аст.

Ҳамзамон, ҳаҷми хароҷотҳои дар корхона ва ташкилотњо барои пардохти кўмакпулињои иљтимої аз њисоби маблаѓњои андози иљтимої анҷомдодашуда, тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар 2023 сол 289,9 млн. сомониро ташкил менамояд, ин нишондиханда, ки нисбат ба маълумотњои аслии њамин давраи соли гузашта, ки 241,1млн сомониро ташкил медод, ба маблаѓи 48,8 млн сомонї ва ё 20,3% зиёд гардидааст.

Аз љумла, барои кўмакпулии корношоямии муваќќатї ба 49 311 нафар ба маблаѓи 51,6 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба њомиладорї ва таваллуд ба 27 901 нафар ба маблаѓи 192,9 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба таваллуди кўдак ба 12 362 нафар ба маблаѓи 1,8 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба нигоњубини кўдак ба 122 955 нафар ба малаѓи 16,8 млн. сомонї, барои кўмакпулї барои табобати санаториву курортї дар њаљми 26,7 млн. сомонї пардохт гардидааст.

Шумораи умумии гирандагони кўмакпулињои иљтимої бо маълумотњои пешакї дар соли 2023 ба 223 350 нафар расида, нисбат ба њамин давраи соли 2022-ум, ки 206 101 нафарро ташкил медод, 17 249 нафар ва ё 8,3% афзоиш ёфтааст.

Ќайд намудан ба маврид аст, ки Агентї бо маќсади таъмини иљрои банди 31-и ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 “Дар бораи натиљањои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар соли 2022 ва вазифањо барои соли 2023” ҷиҳати ҳарчӣ зудтар тариқи электронӣ ташкил кардани “Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон” чораҳои зарурї андешида истодааст.

Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар баромади худ ќайд намуданд, ки љињати иљрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон, ки дар Паёмашон аз 28-уми декабри соли 2023 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» дар ќисми аз 1-уми июли соли 2024 зиёд намудани њаљми нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон, сохторҳои тобеи Агентӣ бояд барои амалӣ намудани ин вазифа тадбирҳо дахлнопазир андешанд.

Инчунин дар маљлиси Мушовара масъалањои алоњидаи фаъолияти Агентї баррасї гардида, љињати бартараф намудани норасоињо ба масъулин супоришњои мушаххас дода шуд.

Хонда шуд 772 маротиб

Дополнительная информация