08.02.2024 || 15:25

Мулоқот бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 феврали соли 2024 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Намояндагони ЮНИСЕФ дар ҳайати зерин ҳузур доштанд:

Кэтрин Чазарӣ – мушовири байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, Азизахон Каттаева – мутахассиси соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, Нилуфар Саматова – тарҷумон, Ганҷина Зардодхонова – мушовири миллӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ .

Дар суханронии ифтитоҳии худ директори Агентии Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек ба намояндагии ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ изҳори сипос намуд.

Зимни суҳбат Катерин Чазарӣ қайд намуданд, ки ЮНИСЕФ қобилияти соҳаи ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муқовимат ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табииро баҳогузори намуда, ҳамзамон соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ дар давраҳои пандемия дар солҳои 2021-2022 ба чи гуна мушкилиҳо рубару гардидааст.

Директори Агентии Давлатзода Дилмурод Ашурбек дар бораи ҳодисаҳои солҳои 2021-2022 марбут ба паҳншавии бемории COVID-19 дар Тоҷикистон суханрони намуда, қайд намуданд, ки дар ин давра даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ коҳиш ёфта ҳаҷми кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ афзоиш ёфтааст.

Зимни вохӯрӣ мушкилоти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин масъалаҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба онҳо директори Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек посухҳои ҳамаҷониба дод.

Дар рафти муњокима оид ба мушкилиҳои раќамикунонии бахши суѓуртаи иљтимої диќќати махсус дода шуд.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда гузашт.

Хонда шуд 601 маротиб

Дополнительная информация