01.03.2024 || 13:36

Вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

26 феврали соли 2024 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати зерин ҳузур доштанд:

София Шакил – Директори департаменти ҳифзи иҷтимоӣ ва инкишофёбии инсон, Хин Лонг – мутахассиси бахши иҷтимоӣ, Себеле Вонг – мутахассиси соҳаи тандурусти, Зебо Джалилова – мутахассис дар соҳаи кафолатҳои иҷтимоӣ, Фируза Додомирзоева - ёрдамчии калони лоиҳаҳо .

Дар суханронии ифтитоҳии худ директори Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек ба намояндаи Бонки Осиёии Рушд София Шакил барои таваҷҷуҳ намудан ба мушкилиҳои соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳори сипос намуданд.

Зимни вохури масъалаҳои мубрам, аз қабили такмил додани қонунгузории соҳаи нафақа, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва дигар самтҳои фаъолияти Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки ба онҳо Директори Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Зимни суҳбат София Шакил пешниҳод намуд, ки вохурии навбати байни коршиносони Бонки Осиёии Рушд дар шакли видео онлайн гузаронида шавад.

Дар фарҷоми вохури Директори Агентӣ Давлатзода Д.А. барои ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ намуданд.

Вохури дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда гузашт.

Хонда шуд 484 маротиб

Дополнительная информация