04.03.2024 || 16:55

Семинари омӯзишӣ дар бораи тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»

29 феврали соли 2024 ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 январи соли 2024, №671 дар бинои Агентӣ барои кормандони Раёсатҳои вилояти, шаҳри, шҳру ноҳияҳои тоъбеи ҷумҳурӣ ва Марказҳои баҳисобгирии инфиродӣ семинари омузишӣ оид ба аз 1-уми июли соли 2024 индексатсия, яъне зиёд намудани андозаи нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардорони Раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ иштирок намуданд

Дар семинар иштирокчиён масъалаҳои зиёд ва индексатсия намудани нафақаҳоро тибқи лоиҳаи Дастурамал баррасӣ намуда, оид ба муҳтавои бандҳои он аз ҷониби кормандон масъул мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи таъминоти нафақа маълумоти муфассал дода шуд.

Дар рафти муҳокимаи лоҳиаи Дастурамал оид ба индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, № 671 омодагардида ба ҳозирин барои муҳокима ироа гардид, ки иштироккунандагони семинар вобаста ба саволҳои пешниҳод намудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Семинар дар шакли муҳокима гузашт, ки дар рафти он масъалаҳои муҳимтарини кории дар пешистода оид ба индексатсия намудани андозаи нафақа муайян карда шуд.

05-01

Хонда шуд 421 маротиб

Дополнительная информация