05.04.2024 || 11:55

Баргузории чорабинӣ ба муносибати Наврӯзи байналмилалӣ

Санаи 18 марти соли 2024 дар бинои Дастгоҳи марказии Агентӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки васеъи кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Чорабиниро директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ҳусни оғоз бахшида, ба муносибати иди Наврӯз и байналмилалӣ кормандони Агентиро табрик намуданд.

Дар чорабинии мазкур бо иштироки кормандони сохторҳои Агентӣ давр вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастовардҳо, таомҳои миллии тоҷикӣ, меваю сабзавотҳо, ҳунарҳои мардумӣ аз лиҳози дузандагӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, чубтарошӣ, кулолгарӣ ва нақшбандию расомӣ, ба намоиш гузошта шуданд.

Дар рафти чорабинӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандоне, ки дар самти фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, инчунин барои меҳнатҳои софдилона бо мукофотҳо ва сипосномаҳои Агентӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бонувони Агентӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба либоси миллии тоҷикӣ, дар таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, сару либосҳои милли тоҷикии чакан ва атласу адрасро ба бар намудаанд.

Бањри болидахотирии њозирон барномаи љолиби консертї баргузор гардид. Дар фарҷоми барнома Роҳбарияти Агентӣ баро ҳамаи кормандон саодати рузгор ва дар корҳои минбаъдаашон мувафақиятҳоро таманно намуданд.

Хонда шуд 255 маротиб

Дополнительная информация