08.04.2024 || 14:23

Вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

3 апрели соли 2024 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагии Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.

Намояндагии Бонки Осиёии Рушд ки дар он ҳайати зерин иштирок доштанд: Дай Чанг Сонг — директори молия, сардори миссия; Муҳаммадӣ Бобоев – мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ; Нигина Раҷабова – мушовири маҳаллии Бонки Осиёи Рушд.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ ин баррасии анҷоми лоиҳаи Бонки Осиёи Рушд дар доираи гранти 0657-TAJ: Эҷоди устуворӣ тавассути барномаи BRACE буд. Тавре ҷаноби Дай Чанг Сонг маълумот дод, оиди ин масъала ба Тоҷикистон беш аз 55,0 миллион доллар ихтисос шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентӣ дар соли 2021 ба гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ нафақагирони нафақаҳои иҷтимоӣ, ба сари ҳар яки онҳо ба маблағи 600 сомонӣ ҳамяун кумаки якдафаина пардохт намуд. Шумораи умумии гирандагони кумакпулиҳои иҷтимоӣ 240099 ҳазор нафарро ташкил намуда, маблағи пардохтнамудаи он 144059400 млн сомониро ташкил намудааст.

Роҳбари намояндагӣ Бонки Осиёи Рушд Дай Чанг Сонг аз ин корҳои анҷомдодаи Агентӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин оиди як қатор масъалаҳои дигари муҳим масъалагузорӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ислоҳоти нафақа, рақамикунонии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баррасӣ шуданд. Намояндагони Бонки Осиёи Рушд қайд карданд, ки дар ислоҳоти низоми нафақа Агентӣ таҷрибаи васеъ доранд ва аз ташаббуси густариши ҳамкориҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба намояндагии Бонки Осиёии Рушд изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳо минбаъд низ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа густариш хоҳанд ёфт.

Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тасдиқ намуданд.

Хонда шуд 211 маротиб

Дополнительная информация