24.04.2024 || 10:09

Мушовараи Агентӣ оид ба баррасии натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентї дар шаҳри Душанбе, Рёсатҳои ноҳиявии Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва Маркази минтаќавии бањисобгирии инфиродї дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2024


Санаи 19 уми апрели соли 2024 дар бинои Агентӣ маљлиси Мушовараи Агентӣ оид ба баррасии ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кормандони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои ноҳиявии он ва Маркази минтаќавии бањисобгирии инфиродї дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи якуми соли 2024 баргузор гардид.

Дар љаласа сардорони Раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардори Раёсати Агентї дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои онҳо инчунин сардори Маркази минтаќавии бањисобгирии инфиродї иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онњо мавриди муњокима ќарор дода шуд.
Қайд гардид, ки дар се моҳи соли 2024 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар шаҳри Душанбе аз њисоби андози иљтимої 359,7 млн. сомонї ворид гардид, ки иҷрои нақша 96,4 % ташкил намуд.
Аз руи таҳлилҳои гузаронидашуда маълум мегардад, ки шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе 75066 ҳазор нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши теъдоди онҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 697 нафар ё 8,2 % ташкил намудааст.
Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ раиси Мушовараи Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашурбек ба зиммаи ҳар як кормандони Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ вазифаҳои дахлдор гузоштан, ки пеш аз ҳама истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъмини иҷрои пурраи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, маблағгузории саривақтии пардохти нафақа ва риояи ҷадвали пардохти ҳармоҳаи онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда татбирҳои зарури андешанд.
Дар фарҷом, директори Агентӣ сардорони воҳидҳои сохтории Агентиро вазифадор намудан, ки пеш аз ҳама риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида барраси намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон татбирҳои зарурӣ ва саривақти андешида шавад.

IMG-20240424-WA0001.jpg252525 copy

 

Хонда шуд 172 маротиб

Дополнительная информация