16.05.2024 || 15:06

Оиди вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумњурии Тоҷикистон

Санаи 13-уми майи соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вохўрии кормандони Агентї таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷ.У. бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон Муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсия номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Насруддинзода Қиёмиддин Шовалӣ баргузор гардид.

Маќсади вохўрии мазкур ин андешидани тадбирњои зарурї љињати бартараф намудани сабабу шароитњои ба ќонунвайронкунињои коррупсионї мусоидаткунанда ба ҳисоб рафт.

Дар вохурї Насруддинзода Қ. Ш. баромад намуда, ба њозирин оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №465 “Дар бораи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсиони), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2021. №222 “Дар бораи Стратегияи давлатии муќовимат бо коррупсия” ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024». маълумоти зарурї пешнињод намуд ва оиди дар амал тадбиқ намудани он ва роҳу воситаҳои пешгиринамудани ҳолатҳои коррупсиони тавсияњои муфид дод.

Насруддинзода Қ.Ш. иброз дошт, ки љумњурии мо ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва Вањдати миллї дар тамоми љабњањои иќтисодиёту иљтимоиёт ба дастовардњои беназир ноил шуда бошад њам, имрўз иттињоду ягонагї, таъмини сулњу амният, худшиносиву ифтихори ватандорї, пешгирї намудани шомил гардидани љавонон ба гурўњњои ифротгаро ва экстремистї барои њар як фарди љомеаи мо аз њарваќта дида бештар зарур аст ва мо бояд зиракї ва ҳушёриро барои муқовимат ба онҳо пешаи кори худ қарор диҳем, инчунин ба саволҳои додашудаи ҳозирин посухҳои қаноатманд дода шуд.

Дар фарљоми вохўрӣ муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷ.У. ба намояндаи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия Насруддинзода Қ.Ш. барои вохури ва маслиҳатҳои муфид изҳори қаноатманди баён намуданд.

10-01

Хонда шуд 2564 маротиб

Дополнительная информация