12.07.2024 || 14:56

Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024

Санаи 10 уми июли соли 2024 дар бинои Агентӣ маљлиси Мушовараи Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо иштироки намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Кумитаи андози назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иљтимої оид ба љамъбасти фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифањо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.

Дар љаласа сардорони раёсат ва шуъбањои дастгоњи марказии Агентї, сардорони раёсат ва шуъбањои Агентї дар вилоят ва шањру ноњияњо, инчунин сардорони марказњои минтаќавии бањисобгирии инфиродї иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онњо мавриди муњокима ќарор дода шуд.

Қайд гардид, ки дар нимсолаи якуми соли 2024 ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 2 млрд. 226,6 млн. сомонї ворид гардид, ки иҷрои нақша 102,5 % ташкил намуд.

Аз руи таҳлилҳои гузаронидашуда маълум мегардад, ки шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли 2024 815658 ҳазор нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши теъдоди онҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 46682 нафарро ё 6,1 % нисбат ба аввали соли 2024 бошад 19 569 нафар ё 2,5 % ташкил намудааст.

Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ раиси Мушовараи Агентӣ Давлатзода Дилмурод Ашурбек қайд намудан, ки иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа, самаранокии иҷрои вазифаҳои асосӣ равона шудаанд, ба зиммаи ҳар як корманди Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ вазифаҳои дахлдор гузошта шудаанд.

Ҳамзамон, қайд намудан, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъмини иҷрои пурраи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, маблағгузории саривақтии пардохти нафақа ва риояи ҷадвали пардохти ҳармоҳаи онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраршуда татбирҳои зарури андешанд.

Дар фарҷом, директори Агентӣ сардорони воҳидҳои сохтории Агентиро вазифадор намудан, ки пеш аз ҳама риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида барраси намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон татбирҳои зарурӣ ва саривақти андешида шавад.

11-011 11-02

Хонда шуд 2200 маротиб

Дополнительная информация