24.07.2024 || 14:42

Гузаронидани хониши идоравї барои хизматчиёни давлатии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба шарњи Ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон” ва “Дар бораи масъул

Санаи 18 июли соли 2024 тањти сарпарастии муовини директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Љалолзода Фирдавс Мањмадмурод бо љалби доираи васеъи кормандони Агентї хониши идоравї вобаста ба шарњи Ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак” гузаронида шуд.

Сараввал муовини директори Агентї Љалолзода Ф.М. хониши идоравиро њусни оѓоз бахшида, зикр намуданд, ки маќсади баргузории хониши идоравї ин дар тањрири нав интишор гардидани Ќонунњои Љумњурии Тољикистон “Дар бораи танзими љашну маросим дар Љумњурии Тољикистон” аз 20 июни соли 2024, №2048 ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак”, ки аз 20 июни соли 2024, №2049 ќабул гардидаанд, мебошад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамраъйии мардуми шарифи Тоҷикистон 20 июни соли 2024, №2048 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак” аз 20 июни соли 2024, №2049 дар тахрири нав бо назардошти тағйиру иловаҳо ќабул гардидааст, ки барои баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум ва босаводу ботаљриба гардонидани насли навин равона гардидааст.
Маќсад аз баргузории хониши идоравї баланд бардоштани савияи дониши кормандон, воќиф шудани онњо аз меъёрњои ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон мебошад, аз љониби роњбарияти Агентї пайваста тадбирњо андешида мешаванд.

IMG-20240724-WA0003.jpg2222

Хонда шуд 1603 маротиб

Дополнительная информация