01.08.2024 || 21:06

Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамбасти фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024

Санаи 31 июли соли 2024 мутобиќи наќшаи гузаронидани нишасти матбуотї, ки дар асоси амри Президенти Љумњурии Тољикистон тасдиќ гардидааст, дар Дастгоњи марказии Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нишасти матбуотї баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотї, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар нимсолаи якуми соли 2024 маълумот дода, ба суолњои хабарнигорон љавобњои мушаххас, пешнињод намуданд.

Нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024

Қисми даромади буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа дар нимсолаи якуми соли 2024 ба андозаи 2 млрд. 171,5 млн. сомонї пешбинї гардида, мувофиқи маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Љумњурии Тољикистон иљроиши он 102,5% таъмин гардида, ба буљети Агентї 2 млрд. 226,6 млн. сомонї ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 55 млн сомонӣ зиёд мебошад, аз ҷумла:

- ВМКБ, нақша 72,8 млн. сомонӣ, иҷроиш 67,6 млн. сомонӣ, ки 92,8% нақшаро ташкил медиҳад;
- вилояти Суғд, нақша 564,2 млн. сомонӣ, иҷроиш 605,2 млн. сомонӣ, ки 107,3% нақшаро ташкил медиҳад;
- вилояти Хатлон, нақша 488,7 млн. сомонӣ, иҷроиш 492,9 млн. сомонӣ, ки 100,8% нақшаро ташкил медиҳад;
- шаҳри Душанбе, нақша 746,4 млн. сомонӣ, иҷроиш 757,3 млн. сомонӣ, ки 101,5% нақшаро ташкил медиҳад;
- шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, нақша 285,9 млн. сомонӣ, иҷроиш 292,0 млн. сомонӣ, ки 102,1% нақшаро ташкил медиҳад.
- андозсупорандагони азим, нақша 13,4 млн. сомонӣ, иҷроиш 11,6 млн. сомонӣ, ки 86,2% нақшаро ташкил медиҳад;

Нишондиҳандаҳои қисми хароҷоти буҷети Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024

Қисми харољоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 2 млрд. 022,0 млн. сомонї ташкил дода, пурра иҷро гардидааст.

Аз он ҷумла, талабот барои маблағгузории нафақа дар нимсолаи якуми соли 2024 баробарӣ 1 млрд. 852,7 млн. сомонӣ ташкил намуда, маблағгузории он низ дар ҳамин ҳаҷм таъмин гардид, ки айни замон дар ҷумҳурӣ қарздории пардохти нафақа вуҷуд надорад.

Дар нимсолаи якуми соли 2024 ба Федератсияи итифоқҳои мустақили касабаи Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кудакон аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳои ҷумҳурӣ, дар њаљми 4,5 млн. сомонї маблағгузори карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 642 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 14,3 % афзоиш ёфтааст.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Љумњурии Тољикистон барои татбиқи чорабиниҳои сиёсати шуғл оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони бекор ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,9 млн. сомонї ва ё 39,5% афзоиш ёфтааст.

Инчунин, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ барои харољоти њаќќи хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Љумњурии Тољикистон «Амонатбонк» ба нафаќагирон, дар њаљми 7,4 млн. сомонї ба КВД БАҶТ «Амонатбонк» пардохт гардидааст.

Харољоти маблаѓњои андози иљтимої барои пардохти кўмакпулињои иљтимої дар корхонаву муассисањо бо њисоби пешакї дар нимсолаи якуми соли 2024 дар маљмўъ 168,4 млн. сомониро ташкил медињад.

Бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия” аз 1 июли соли 2024 аз љониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда шуд.

Тибки Фармони мазкур андозаи нафақањои 775 008 нафар нафаќагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтан мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафаќа ба чунин нишондиҳандаҳо баробар гардид:

− нафақахои суғуртавї ба 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ;
− нафақаҳои меҳнатї ба 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ;
− нафақаҳои иҷтимоӣ ба 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар гардидааст.

Индексатсияи нафақањо пурра ба анҷом расида, оѓоз аз моҳи июли соли 2024 нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт карда шуда истодааст.

Агентї бо маќсади таъмини иљрои банди 31-и ќарори Њукумати Љумхурии Тољикистон аз 24 феврали соли 2023, №36 “Дар бораи натиљањои рушди иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар соли 2022 ва вазифањо барои соли 2023”, Тартиби таъин ва пардохти нафақа-ро омода намуда, љињати дар амал татбиќ намудани он чораҳои зарурї андешидааст.

Тартиби зикргардида дар асоси Фармоиши директори Агентӣ аз санаи 21 майи соли 2024, №Ф-32 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон санаи 21 июни соли 2024, №1285 ба ќайди давлатӣ гирифта шуд.

Маълумотҳои омории Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ

Шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли ҷори 815 658 нафар;

Шумораи умумии нафақагирони маъюб 164 823 ;
Аз он ҷумла:
- гурӯҳи якум - 17 717 нафар;
- гурӯҳи дуюм - 80 449 нафар;
- гурӯҳи сеюм - 32 956 нафар;
- маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18 сола - 33 701 нафар;
- шумораи кудакони ятими кулл - 1319 нафар;
- шумораи кудакони нимятим - 79 140 нафар;
- шумораи маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 - 26 нафар;
- шумораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани дар ақибгоҳ солҳои 1941-1945 - 153 нафар.

Агентї дар давраи њисоботї бо воситањои ахбори омма љињати амалї намудани корњои фањмондадињї доир ба самтњои асосии фаъолият, аз љумла шарњи нуќтањои паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии љумњурї» доир ба масъалаи баланд намудани андозаи нафаќањои амалкунанда пайваста њамкорї намудааст.

Дар хотима қайд карда шуд, ки мутахассисони Агентӣ мунтазам вохӯриҳо, сӯҳбатҳоро дар шабакањои гуногуни телевизион ва радио баргузор менамоянд ва Агентӣ ҳамеша барои гузаронидани мубоҳисаҳо ва вохӯриҳо бо шаҳрвандон ва бахусус васоити ахбори омма омода аст.

12-01

Хонда шуд 603 маротиб

Дополнительная информация