04.09.2024 || 15:14

Тамошои дастаҷамонаи пахши мустақим, бахшида ба Рӯзи «Дониш» тариқи шабаҳои телевизионӣ

Санаи 1-уми сентябри соли 2024 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон бо иштироки роњбарият ва кормандони Агентӣ тамошои дастаҷамонаи суханронии Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон бахшида ба Рӯзи “Дониш” тариқи шабакаи телевизионӣ баргузор гардид.

Мулоқот рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорї дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи “Дониш” баргузор гардида, аз устодону омӯзгорон ва падару модарон хоњиш намуданд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи наслҳои наврас, яъне фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, барои онҳо шароити беҳтарин муҳайё созанд, то ки онҳо саводи кофї дошта бошанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд, дар оянда муҳтоҷи дигарон нагарданд ва Тоҷикистони азизамонро соҳибӣ карда, онро ободу пешрафта сохта тавонанд.

Дар фароварди суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аҳли маориф, хонандагону донишҷӯён ва ҳамватанони азизро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи “Дониш”, инчунин 33-солагии ҷашни бузурги истиқлоли давлатӣ, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба онҳо барори кор ва ба донишҷӯёну хонандагони кишвар саломативу хониши аъло орзу намуданд.

Хонда шуд 271 маротиб

Дополнительная информация