10.09.2024 || 14:14

Вохӯрӣ бо намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 сентябри соли 2024 дар толори бинои Агентӣ вохурии намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентӣ таҳти роҳбарии муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷ.У. баргузор гардид.

Раҷабзода Ҷаҳон Назар намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентӣ оиди иҷрои, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2021. №187 “Дар бораи Стратегияи муќовимат баэкстремизм ва тероризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маълумоти зарурї пешнињод намуда, оиди дар амал тадбиқ намудани он ва роҳу воситаҳои пешгиринамудани ҳолатҳои экстремизмию тероризмидошта тавсияњои муфид дод.

Раҷабзода Ҷ.Н. иброз дошт, ки љумњурии мо ба шарофати Истиќлолияти давлатї ва Вањдати миллї дар тамоми љабњањои иќтисодиёту иљтимоиёт ба дастовардњои беназир ноил шуда бошад њам, имрўз иттињоду ягонагї, таъмини сулњу амният, худшиносиву ифтихори ватандорї, пешгирї намудани шомил гардидани љавонон ба гурўњњои ифротгаро ва экстремистї барои њар як фарди љомеаи мо аз њарваќта дида бештар зарур аст ва мо бояд зиракї ва ҳушёриро барои муқовимат ба онҳо пешаи кори худ қарор диҳем, инчунин ба саволҳои додашудаи ҳозирин посухҳои қаноатманд дода шуд.

Дар фарљоми вохўрӣ муовини якуми директори Агентӣ Абдураҳмонзода Ҷ.У. ба намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вохурӣ ва маслиҳатҳои муфид изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

14-01

Хонда шуд 244 маротиб

Дополнительная информация