19.09.2024 || 14:21

Вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд

16 сентябри соли 2024 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагии Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.

Намояндагии Бонки Осиёии Рушд ки дар он ҳайати зерин иштирок доштанд: Азиз Њайдаров роҳбари гурӯҳ, Зебо Љалилова– сармутахассси гуруњ, Ашот Габриелян - мушовири байналмилалӣ оид ба ҳифзи иҷтимоӣ (технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ);

Дар рафти мулоқот аз ҷониби Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Давлатзода Д.А. ба иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои мубрам, аз қабили такмили қонунгузории нафақа, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрон ва дигар масъалаҳои ба самтҳои фаъолияти Агентӣ вобастшуда, иттилоъ дода шуд.

Азиз Њайдаров намояндаи Бонки Осиёии Рушд зикр намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани лоиҳаи пешбинигардида куллан омӯзиши мушкилотҳои ҳамаҷонибаи соҳа ва ба таври оптималӣ пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли он аз тарафи Бонки Осиёии Рушд коршиноси дараҷаи байналмилалӣ ҷалб карда шудааст.

Зарур шуморида шуд, ки дар ҷори намудани технологияи муосири иттилоотӣ барои ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории иттилоот, ки барои таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ, суғуртавӣ, андӯхти нафақавӣ ва кӯмакпулиҳо зарур мебошанд, мулоқотҳои дуҷониба мунтазам доир карда шуда, ҳамкориҳо дар ин самт идома дода шавад.

Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, аз ҷониби намояндагони Бонки Осиёии Рушд саволҳо доир ба соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешниҳод гардид, ки аз ҷониби директори Агентӣ вобаста ба саволҳояшон посухҳои мушаххас дода шуд. Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо суҳбатҳои хуб барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба намояндагии Бонки Осиёии Рушд изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳо минбаъд низ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа густариш хоҳанд ёфт.

Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тасдиқ намуданд.

Хонда шуд 61 маротиб

Дополнительная информация