30.09.2024 || 15:28

Вохурии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ)

27 сентябри соли 2024 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ) баргузор гардид.

Намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ)ки дар он ҳайати зерин иштирок доштанд: Мэтью Гертнер – роҳбари намояндагии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Калин Тинчев – иқтисоддони калон, Наиля Менлашева – иқтисоддон, Ҷомӣ Чиниев – иқтисоддон, Владислав Костюченко – тарҷумон.

Ҳадафи асосии вохӯрӣ ин баррасии Натиҷаҳои фаъолияти фонди нафақа дар соли 2024, дурнамо барои соли 2025 ва миёнамуҳлат. Динамикаи нафаќа дар соли 2024, пешгўї/наќшањо барои соли 2025. блигацияхои ГЭС-и Рогун, аукциони облигацияхои заёмхои давлатй. Идоракунии пардохтпазирӣ ва сиёсати сармоягузорӣ.

Директори АССП Давлатзода Д.А. вохӯриро ифтитоҳ намуда, роҳбари намояндагии ХБА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мэттью Гертнер ва ҳамкорони ӯро истиқбол намуда, кормандони Агентиро, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, муаррифӣ намуд. У ба онхо барои шавку хавасашон ба кори АССП миннатдорй баён кард.

Директор Давлатзода Д.А. намояндагони ХБА -ро бо натоиҷи АССП дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дод. Вай намояндагони ХБА-ро бо нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ ва иҷтимоию иқтисодии АССП шинос намуд:

Зимни суҳбат директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба ҳама саволҳои ба намояндагони ХБА таваҷҷӯҳи бештар дода, онҳоро ба омодагии АССП ба ҳамкорӣ дар ҳама самтҳои фаъолият итминон дод.

Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Давлатзода Д.А. ба намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (МВФ) изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкориҳо минбаъд низ дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа густариш хоҳанд ёфт.

Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо тасдиқ намуданд.

Хонда шуд 64 маротиб

Дополнительная информация