Ҷаласаро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек ифтитоҳ бахшида, дар суханронии худ оид ба хизматҳои шоистаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самтҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар давраи баъди соҳибистиқлолии кишвар, пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд гардидани обрую нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ, қайд намуданд.
Директори Агентӣ ҳозиринро даъват намуданд, ки шахсияти таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи ибрат қабул намуда, дар рушди кишвар ва соҳаи иҷтимоӣ низ фидокорона фаъолият карда, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафакагирон, инчунин баланд намудани донишу малакаи худ ва бо ҳамин роҳ тараққиёти устувори иҷтимоию иқтисодии кишварро таъмин намудан, саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Директори Агентӣ тамоми кормандонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва саодатмандии ҳамешагиро орзу намуданд.