22.11.2024 || 09:42

Вохӯрии назоратӣ бо роҳбари Агентӣ оид ба масъалаи баҳодиҳии фаъолияти Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ

19 ноябри соли 2024 дар бинои маъмурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Агентӣ) вохӯрии назоратӣ бо роҳбари Агентӣ оид ба масъалаи баҳодиҳии фаъолияти Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ (минбаъд – ММБИ) дар давоми 10 моҳи соли 2024. Дар ҷаласа роҳбарони шӯъбаҳои дастгоҳи марказии ММБИ ва шӯъбаҳои онҳо иштирок намуданд.

Директори Агенти Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони ММБИ ба мушкилотҳои асосии фаъолияти ММБИ таъкид намуд. Сипас, дар асоси пешниҳоди ба Раёсатҳои дахлдори дастгоҳи марказии Агенти супоришо дода шуданд.

Махсусан зикр гардид, ки маълумот оид ба тағйирот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт ба воҳидҳои сохтории Агентӣ расонида шавад.

Бо мақсади табодули таҷриба директори Агентӣ Давлатзода Д.А. пешниҳод шуд, ки аз рӯи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2025 дар шаҳри Кӯлоб шӯрои Агентӣ баргузор шавад.

Дар охир Директори Агентӣ натиҷаҳои вохӯриро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиён дар кори минбаъдаашон муваффақият таманно намуд.

24-01

Хонда шуд 363 маротиб

Дополнительная информация