28.11.2024 || 15:15

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 22 ноябри соли 2024 дар Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Рӯзи Парчами давлватии Љумњурии Тољикистон бо шањомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Ҷаласаро Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек ифтитоҳ бахшида, ќайд намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд. Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тањти сарварии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст.

Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ Директори Агентӣ тамоми кормандонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба ҳамагон сулҳу оромӣ, рӯзгори обод ва саодатмандии ҳамешагиро орзу намуданд.

Хонда шуд 361 маротиб

Дополнительная информация