Дар љаласа њузур доштанд: Сармутахассиси Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Дарвеш, Сардори Хадамоти экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Амиршозода Шералӣ, Сардори Раёсати танзими савдои электронии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Солиев Фарух Юнусович.
Дар ҷаласаи мушовара ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ барои соли 2024 шунида шуда, нақшаи корӣ барои соли 2025 пешнињод гардид.
Аъзои њайати мушовара дар њузури даъватшудагон самтњои гуногуни фаъолияти Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистонро дар соли 2024 мавриди баррасї ќарор дода, аз љумла ќайд намуданд, ки дар давраи њисоботї, дар заминаи дастуру њидоятњои Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон сохторњои Агентї дар вилоятҳо ва шањру ва ноњияњо ба муваффаќиятњои назаррас ноил гардиданд.
Ба буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої 4 млрд. 864,4 млн.сомонї ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинигардида 418,7 млн.сомонї зиёд мебошад.
Ќисми харољотии буљет бошад, 4 млрд. 677,1 млн. сомониро ташкил намуд. Дар ин давра, тамоми чорабинињои пешбининамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон, аз љумла, талабот барои маблағгузории пардохти нафаќа ба андозаи 4 млрд. 291,0 млн.сомонї, харољоти кўмакпулињо ба андозаи 337,9 млн. сомонї, татбиќи чорабинињои сиёсати шуѓл 17,2 млн. сомонї, инчунин љуброни харољоти КВД БА “Амонатбонк” барои хизматрасонї ба нафаќагирон ба андозаи 26,5 млн.сомонї сари ваќт ва бо пуррагї маблаѓгузорї карда шуданд.
Ба њолати 1 январи соли 2025 шумораи умумии нафаќагирон 836 690 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта ба 40 601 нафар ва ё 5,1% зиёд гардидааст. Талаботи моҳонаи нафаќа дар як моњ бо њисоби миёна 411, 08 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши ин нишондињанда нисбат ба соли гузашта ба маблаги 102 млн.сомонї ё 33,2% зиёд аст.
Дар љумњурӣ аз шумораи умумии нафақагирон 167108 нафарро нафақагирони маъюб ташкил медишад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди онҳо ба 4284 нафар ё ин, ки 2,6 фоиз зиёд гардидааст. Барои пардохти нафақа ба нафақагирони маъюбиятдошта дар як моҳ 81,9 млн. сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад, ки андозаи миёнаи нафақаи онҳо ба 490,06 сомонӣ баробар аст.
Ҳамзамон, ҳаҷми хароҷотҳои дар корхона ва ташкилотњо барои пардохти кўмакпулињои иљтимої аз њисоби маблаѓњои андози иљтимої анҷомдодашуда, тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар 2024 сол 337,9 млн. сомониро ташкил менамояд.
Аз љумла, барои кўмакпулии корношоямии муваќќатї ба 48211 нафар ба маблаѓи 54 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба њомиладорї ва таваллуд ба 28460 нафар ба маблаѓи 234,5 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба таваллуди кўдак ба 10548 нафар ба маблаѓи 1,5 млн сомонї, барои кўмакпулї вобаста ба нигоњубини кўдак ба 130629 нафар ба малаѓи 17,1 млн. сомонї, барои кўмакпулї барои табобати санаториву курортї дар њаљми 30,8 млн. сомонї пардохт гардидааст.
Директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар баромади ќайд намуданд, ки љињати иљрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон, ки дар Паёмашон аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилию хориљии љумњурї» ироа гардид, аз «- аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо ва нафақаи заминавӣ дар ҳаҷми 10 фоиз мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” индексатсия, яъне зиёд намудани нафақаҳо ба сохторҳои тобеи Агентӣ барои амалӣ намудани ин вазифа супоришҳо дода шуд.
Инчунин дар маљлиси Мушовара масъалањои алоњидаи фаъолияти Агентї баррасї гардида, љињати бартараф намудани норасоињо ба масъулин вазифагузорӣ карда шуд.