Дар нишасти матбуотї, директори Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Њалимзода Абдурањмон Дости, доир ба самтњои асосии фаъолияти Агентї дар соли 2025 ба намояндагони васоити ахбори омма маълумот дода, ба суолњои онњо љавобњои мушаххас, пешнињод намуд.
Директори Агентї ќайд намуданд, ки мувофиќи натиљањои љамъбасти пешакӣ дар соли 2025 ба Буљети суѓуртаи иљтимої ва нафаќа аз њисоби андози иљтимої, ки ба андозаи 4 млрд. 445,6 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, дар асл 4 млрд. 864,4 млн. сомонї ворид гардидааст, ки 109,4% наќшаро ташкил медињад ва пардохти нафақа пурра маблағгузорӣ карда шуда, айни замон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохти нафақа қарздорӣ вуҷуд надорад.
Сабабҳои асосии барзиёд иҷро гардидани нақшаи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар саривақт амалӣ гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳизфи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” ифода меёбад, ки аз 1 июли соли 2024 дар ҳаҷми 40 фоиз зиёд гардидани маоши амалкунанда дар ташкилотҳои буҷетӣ ба он мусоидат намудааст.
Бо маќсади таъмини амалисозии сариваќтии Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 9 январи соли 2024, №671 “Дар бораи тадбирњои таќвият бахшидани сатњи њифзи иљтимоии ањолї ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотњои буљетї, андозаи нафаќа ва стипендия” аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд.
Чунин нишондиҳанда дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузург мебошад. Ҳатто дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил гаштан ба чунин натиҷа имконнопазир буд. Иқдоми мазкур аз баракати соибихтиёрӣ ва сиёсати мардумсолории Пешвои миллат маншаъ мегирад.
Дар натиҷаи амалисозии Фармони мазкур андозаи нафақањои 775 008 нафар нафаќагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафаќа ба чунин нишондиҳандаҳои хуб баробар гардид:
- нафақаҳои суғуртавӣ ба 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ баробар карда шуд, ки андозаи он 107,07 сомонӣ зиёд гардидаанд;
- нафақаҳои меҳнатӣ ба 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ баробар карда шуд, ки андозаи он 137,93 сомонӣ зиёд гардидаанд;
- нафақаҳои иҷтимоӣ ба 190 234 нафар 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд, ки андозаи он 89,83 сомонӣ зиёд гардидаанд.
Андозаи нафақаи миёнда дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ зиёд гардида, аз 368,9 сомонӣ ба 475,07 сомонӣ баробар карда шуд.
Индексатсияи нафақањо пурра ба анҷом расида, оѓоз аз моҳи июли соли 2024 нафақаи нафақагирон бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт шуда истодааст.
Нишасти матбуотї дар фазои озоду дўстона баргузор гардид.