12.02.2025 || 15:29

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962

Бо мақсади таъмини амалисозии саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2025, №962 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешаванд.

Вобаста ба таъмини супориши болозикр Агентӣ тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи Дастурамал оид ба индексатсия, яъне зиёд намудани андозаи нафақаҳои нафақагиронрор тибқи фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 8 феврали соли 2025, №962” омода ва, ба Раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо равона намояд.

Хонда шуд 91 маротиб

Дополнительная информация