Дар рафти мулоқот Директори Агентӣ Ҳалимзод А.Д. ба иштирокдорони ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мубрам, аз қабили такмили қонунгузории соҳаи нафақа, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон ва дигар масъалаҳои ба самтҳои фаъолияти Агентӣ вобастшуда, маълумот дода шуд.
Азиз Ҳайдаров намояндаи Бонки Осиёии Рушд зикр намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани лоиҳаи “Модернизатсияи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа” омӯзиши кормандони соҳа оид ба истифодаи техналогияҳои рақамӣ ва расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд коршиноси дараҷаи байналмилалӣ ҷалб карда шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Ҳалимзод А. Д. ба намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкориҳо минбаъда дар самти суғуртаииҷтимоӣ ва нафақа изҳори сипос намуданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда гузашт.