18.02.2025 || 17:47

ОМӮЗИШИ НАЗАРИЯВИИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ

18 феврали соли 2025 дар дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 дар мавзӯи «Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ» ва дар мавзӯи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» омӯзиши назариявӣ дар ҳаҷми 1 (як) соат бо иштироки 27 нафар кормандони дастгоҳи марказӣ, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии Агентӣ ва Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии дар ШНТҶ гузаронда шуд.

Мақсад аз баргузории хониши идоравӣ баланд бардоштани савияи дониши кормандон, воқиф шудани онҳо аз меъёрҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Зимни машғулияти идоравӣ оид ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби ҳисоб кардани муди миёнаи меҳнат дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангмои пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми музди миёнаи меҳнати давраи гузарондан ба кори дигар) ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат”, ки роҷеъ ба ҳисоб ва пардохт намудани кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, кумакпулиҳоии оилавии яквақта бинобар таваллуди кӯдак, ҳангоми нигоҳубини кӯдак ва кумакпули барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат муайян менамояд, мавриди омӯзиш қарор гирифт.

5d6356d4-226a-400f-bbb6-873a8f71e3f2 copy

c0e298ce-19e2-431f-82d5-c47c3f4d7587

6dec44d0-8ce1-42c0-a056-1736562a5919 copy

Хонда шуд 111 маротиб

Дополнительная информация