Аз тарафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рақамии ҳуҷҷатҳои электронӣ дар дастгоҳи марказии Агентӣ таҳия гардидааст, ки раванди кор бо барномаи мазкурро ба кормандони Агентӣ аз ҷумла, тартиби гардиши ҳуҷҷатҳои электронии воридоту содирот тавассути рунамо намоиш дода шуд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки насбсозии барномаи мазкурро аз ҳамин рӯз (18.02.2025) оғоз намуда, раванди омузиши кор бо барномаро дар реҷаи санҷишӣ то моҳи марти соли ҷорӣ роҳандози намоянд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти пурра ҷорӣ намудани низоми гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро дар оянда низ марҳила ба марҳила густариш хоҳанд дод.