19.02.2025 || 14:56

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ МАҶОЗӢ ОИД БА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ УСТУВОРИИ БАРНОМАҲО ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА

19 феврали соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд таҳти роҳбарии Азиз Ҳайдаров бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тахасусии кормандон семинари омӯзишии маҷозӣ баргузор гардид.

Дар семинар кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, Раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

IMG 1950
Сипас, аз ҷониби Родолфо Веерхан машваратчии калони Бонки Осиёии Рушд ва Андре Пикард, роҳбари шуъбаи хизматрасонии актуарии Ташкилоти байналмилалии меҳнат оид ба ҷорӣ намудани модели актуарӣ дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тариқи рӯнамо ба ҳозир намоиш дода шуд, ки баргузории он идома дорад.

 IMG 1991

 

Хонда шуд 89 маротиб

Дополнительная информация