Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ин муносибат кормандонро самимона табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу намуд.
– Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, 32 сол пур мешавад. Тавре медонем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, мамлакати тозаистиқлоли мо зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ намуд. Ҳарчанд, барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ин нуктаро борҳо Президенти Ҷумҳурии Тиҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ таъкид кардаанд, ки Артиши миллии мо дар ҷойи холӣ, аз сифр бунёд гаштааст ва хушбахтона имрӯз ба як неруи тавонои мудофиавӣ табдил шудааст, – гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ иштирокдорон низ, иброз доштанд, ки мо – кормандони Агентӣ амалан дар канори Артиши миллӣ буда, дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва ягонагии Тоҷикистони азиз фаъолона саҳм мегузорем.