Дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар майдони 5 гектар тақрибан 1500 бех дарахти ҳамешасабзи арча шинонда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба хотири тақвияти аксияи ниҳолшинонӣ дар кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки дар марҳалаи якум, яъне солҳои 2025-2027 дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд беш аз 10 миллион бех ниҳолу дарахтони ороишӣ шинонда шавад, ки амалишавии Барнома ҳамасола бо маром идома дорад.
Боиси хушнудист, ки парвариши ниҳолу дарахтони гуногун дар кишвари офтобии мо чун анъана аз гузаштагони пурифтихори мо мерос мондааст ва дар шароити дигаргуншавии босуръати иқлим моро водор ба он мекунад, ки пайравӣ аз ин амали табиатсози гузаштагони худ намуда, ҳамасола дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳашари дастаҷамъии ниҳолшинониро вусъат бахшем.